Ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) Ардашер Қодирӣ бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи ниҳоди мазкур (UNESCAP) Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP), бахусус дар бахши обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти ҳамкории ниҳоди мазкур бо вазорату идораҳои мамлакат дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар ҳошияи иҷлосияи 81-уми Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) доир шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид
Дар Абузабӣ Конфронси оби Душанбе ҳамчун минбари муҳими муколамаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар Москва
Дар Москва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Ҷашнвораи баҳори Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Корея гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст
Дар шаҳри Варшава барои ҷавонони тоҷик мусобиқаи футбол ташкил карда шуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Фармондеҳи генералии Қӯшунҳои сарҳадии Лаҳистон вохӯрӣ кард






