Баҳри Хазар то соли 2050 метавонад то сатҳи хатарноктарин паст шавад
ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пажӯҳишҳои олимони қазоқ, сатҳи баҳри Хазар тамоюли пастравӣ дорад ва то соли 2050 метавонад ба нишонаи аз 33 метр поёнтар наздик шавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба расонаҳои Қазоқистон хабар медиҳад, дар ин хусус муовини вазири экология ва захираҳои табиии ин кишвар Мансур Ошурбаев изҳори назар намудааст.
«Коҳиши сатҳи баҳр то ба нишонаи аз 28,5 метр пасттар, тавре аз таърихи баҳри Хазар маълум мешавад, аллакай ҳам барои экосистемаи он ва ҳам барои хоҷагии баҳр хатарнок аст», — иброз намуд ӯ. Дар робита ба ин барои омӯхтани сабабу пайомадҳои камоб шудани обанбор соли гузашта Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии баҳри Хазари Қазоқистон ташкил карда шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






