Байни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо санади ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо барои маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар шаҳри Самарқанд, дар ҳошияи саммити якуми «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» баргузор шуд. Санади мазкурро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Кириякос Какурис имзо гузоштанд.
Лоиҳаи санад тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Дарвозаи Глобалӣ» («Global Gateway») таҳия гардидааст. Он ба рушди робитаҳои устувори алоқаи нақлиётӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо, аз ҷумла тавассути навсозии инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасонии нақлиётӣ нигаронида шудааст.
Ёддошти тафоҳум барои ҷалби сармоягузории дарозмуддат ба бахши нақлиёти кишвар имконияти нав фароҳам оварда, ба ҳамгироии минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд. Мутобиқи санади имзошуда барои маблағгузории лоиҳаҳое, ки барои ноил шудан ба Ҳадафҳои алоқаи устувори нақлиётӣ байни Осиёи Марказӣ ва Аврупо мусоидат менамоянд, Бонки сармоягузории Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 100 миллион евро ҷудо мекунад.
Ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо таъкид кард, ки бонк омода аст дар дастгирии лоиҳаҳое, ки ба рушди устувори гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва таҳкими робитаҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудаанд, фаъолона иштирок намояд.
Саммити якуми «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» барои муҳокимаи масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, энергетика, таҳаввули рақамӣ ва экология майдони муҳим гардид. Саммит инчунин иштироки афзояндаи Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) — ро дар минтақа тасдиқ намуд.
Қаблан Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сармоягузории робитаҳои устувори нақлиётӣ байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ «Дарвозаи Глобалӣ», ки 29-30 январи соли 2024 дар Брюссел (пойтахти Белгия) баргузор гардид, иштирок намуда буд.
Вазир дар ҷаласаи умумӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба инфрасохтори нақлиётии аз ҷиҳати иқлим устувори Тоҷикистон», ки дар доираи ин форум баргузор шуд, суханронӣ ва бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинская мулоқот кард.
Вазири нақлиёти таваҷҷуҳи ҳамсуҳбати худ ва дигар иштирокчиёни форумро ба аҳамияти густариши робитаҳо бо кишварҳое, ки роҳи баромадан ба баҳр надоранд, инчунин рушди шабакаҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ бо мақсади таъмини хатсайрҳои муассир ва боэътимод барои савдо ва ҳаракати одамон ҷалб намуд. Вай зарурати сармоягузорӣ барои беҳтар кардани инфрасохтор дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла сохтани хатҳои иловагӣ, долонҳои сабз, муҷаҳҳаз кардани онҳо, сканнерҳо, татбиқи унсурҳои рақамисозӣ ва ғайраро таъкид намуд. Вазир ҳамчунин илова намуд, ки Тоҷикистон ба талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои густариши ҳамкории байниминтақавӣ, аз ҷумла дар доираи ташаббуси «Дарвозаи Глобалӣ» бо таваҷҷуҳ ба дигаргунсозии рақамӣ, робитаҳои нақлиётӣ ва лоиҳаҳои рушди «сабз» баҳои баланд медиҳад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти энергияи барқароршаванда байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад






