Дар Боғи «Агробиолабораторӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ корхонаи истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва косметологӣ сохта мешавад

Апрель 8, 2025 10:46

ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар ҳудуди Боғи «Агробиолабораторӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба сохтмони корхонаи хурди истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва косметологӣ оғоз бахшида шуд.

Корхона дар 0,6 гектар бунёд гардида, дар он зиёда аз 20 намуди моеъҳои шӯянда ва косметологӣ истеҳсол карда мешавад.

Масъалаи пешрафти илму маориф ва татбиқи он дар истеҳсолоту иқтисодиёти мамлакат дар меҳвари вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ қарор дошт. Маҳз дар ҳамин замина бо истифода аз иқтидори илмии донишгоҳ ва ҳамкории байналмилалии он чунин корхона сохта шуда, пайванди илм бо истеҳсолот амалӣ карда мешавад.

Бояд иброз намуд, ки барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба пайвасти илм бо истеҳсолот дар Парки технологии назди донишгоҳ мизу курсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ошхона, роҳаткурсиҳо барои толорҳои маҷлисӣ, минбарҳо, ҷевон барои китоб ва рахти хоб истеҳсол шуда,  шиору овезаҳо нашр мешаванд.

Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон яке аз паркҳои муваффақ дар байни паркҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Апрель 8, 2025 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд