Дар Брюссел бахшида ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҳамоиш баргузор шуд

Апрель 29, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар китобхонаи Мунтпунти (Muntpunt) шаҳри Брюссел дар мавзуи ««Шоҳнома»-и Фирдавсӣ: осори беназири адабиёти ҷаҳон» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маҳфил бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел дар ҳамбастагӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Лёвени Белгия ва Ассотсиатсияи тоҷикони Белгия «Диёр» ташкил шуд. Дар он доираи васеи олимон, намояндагони ниҳодҳои аврупоию белгиягӣ, коршиносон, санъаткорон, сокинони шаҳри Брюссел, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамзабонони муқими Белгияву Нидерланд иштирок намуданд.

Иштирокдорон «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсиро дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мероси ниёгон, ватандӯстӣ, арзишҳои инсондӯстию сулҳпарварӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди дипломатияи фарҳангӣ муҳим хонда, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи чеҳраҳои мондагор ва осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик махсусан таъкид намуданд.

Дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба тариқи онлайн сухан намуд.

Дар бахши дигари маҳфил мусиқинавози ҷавон Сипанд Додбеҳ санъати волои касбӣ ва мусиқии халқиро муаррифӣ намуд.

Дар толори бошукуҳи китобхона гӯшаи этнографӣ ташкил гардида, асарҳои классикӣ ва навору нигораҳо бахшида ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба намоиш гузошта шуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 29, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд