Дар Деваштич маросими тантанавии гусели навҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд

Апрель 2, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони «Муҷассамаи Деваштич»-и шаҳраки Ғончӣ маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Деваштич хабар доданд, раиси ноҳия даъватшудагони ихтиёриро ба муносибати дохил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз намуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад.

Таъкид гардид, ки ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқуъ пайваст.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.

Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ нақшаи даъватро иҷро намуда, ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан ва Муҷун дар ҳоли иҷро қарор доранд.

Дар ҳамоиш барои саҳми арзанда дар ҷалби саривақтии ҷавонон раиси Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ бо «Сипоснома»  ва Вимпели «Беҳтарин ҷамоат оид ба иҷрои даъвати ҳарбӣ» ва раисони шурои маҳаллаҳои деҳаҳои Ғазантарак, Гулобод, Лолазор ва Истиқлол бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон ба 26 даъватшуда аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-и ноҳия шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «В» супорида шуд.

Чун анъана маросими нонгазон баргузор шуда, модарон ба фарзандонашон хизмати содиқона таманно намуданд.

Санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини ҳунариро бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён намуданд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

Апрель 2, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»