Дар доираи Ҳафтаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ – «ICT Week-2025» ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар самти технологияҳои иттилоотӣ қадамҳои муассир мегузорад. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар доираи Ҳафтаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ – «ICT Week-2025» дар шаҳри Душанбе бо иштироки коршиносон, ширкатҳо ва аҳли ҷомеа баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҳамоиш доир ба бозомӯзии барномасозон, механизмҳои алтернативии маблағгузорӣ ба стартапҳо, зеҳнӣ сунъӣ ва ғайра табодули андеша намуданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба сӯи рушди технологияҳои рақамӣ фаъолона ҳаракат менамояд ва бояд дар оянда яке аз пешсафони ин соҳа дар минтақа гардад. Барои ин андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур аст.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд






