Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳафтаи илм оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳафтаи илм бо баргузории конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён оғоз шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва нашрияи донишгоҳ хабар доданд, конференсия ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода оид ба самти самаранокии илмӣ ва дастовардҳои илмию эҷодии устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ибрози андеша намуд. Таъкид шуд, ки таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор гузошта, татбиқи саривақтии ин ташаббус имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик ин раванд вусъат ёфта, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбанд.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Ҷанбаҳои методологии арзёбии иқтисоди рақамӣ», «Рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ва фарогирии молиявии аҳолӣ — асосӣ рушди низоми бонкии Тоҷикистон» ва «Фаъолити мақомоти гумрук дар шароити иқтисоди рақамӣ» маърузаҳо пешниҳод гардид.
Кори конференсия дар дигар бахшҳо то 26 апрел идома меёбад.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон










Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд






