Дар Душанбе масъалаи барӯйхатгирии соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид

Апрель 23, 2025 16:05

ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи барӯйхатгири соҳаи кишоварзӣ 22 апрел зимни вохӯрии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ба тариқи маҷозӣ дигар коршиносони Бонки Осиёии рушд низ иштирок намуданд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки нишондиҳандаҳои кишоварзӣ ва саҳми ин соҳа дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ хеле муҳим мебошад. Гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ қисми муҳими ин соҳа мебошад. Зеро ҳадафи асосии гузаронидани ин чорабинии муҳим, пеш аз ҳама, ҷамъ овардани маълумоти дақиқ оид ба соҳаи кишоварзӣ мебошад. Иттилооти ҷамъоваришуда дар пешбурди сиёсати макроиқтисодӣ истифода мешавад.

Роҳбари Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон масъалаи гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзиро муҳим арзёбӣ намуд.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 23, 2025 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид