Дар Ҳисор ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон, омилҳои ба он мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор дар ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, ки таҳти раёсати прокурори шаҳр, Раиси Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Ҳисор Умедҷон Раҳмон доир гардид, баррасӣ карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Доир ба ин масъала роҳбарияти шаҳр, масъулини прокуратура ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор сухан гуфтанд. Онҳо вазъи воқеии ҷинояткорӣ байни ноболиғонро таҳлил намуда, бо рақамҳо шарҳу эзоҳ доданд. Таъкид шуд, ки яке аз зуҳуроте, ки имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст, афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон аст.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ байни ноболиғону наврасон дар шаҳри Ҳисор бозгӯи он аст, ки аз ҷониби онҳо асосан содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ ва ғоратгарӣ зиёдтар сабт шудааст. Раванди афзудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону наврасон ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ, ташвиқу тарғиби фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмию ғоратгарӣ тавассути филму сериалҳои хориҷӣ, ҷалби наврасон ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, инчунин бетафовутии мактабу оила ва аҳли ҷомеа нисбат ба ин амалҳои номатлуб рабт дода шуд.
Прокурори шаҳри Ҳисор, ки ҳамзамон Раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Ҳисор аст, дар ҷамъбасти ҷаласа аз фаъолияти кормандони дахлдори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр изҳори нигаронӣ намуд. Ҳамчунин афзуд, ки мактабу маориф, падару модарон низ нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон ба каммасъулиятӣ ва беназоратию хунукназарӣ роҳ дода, боиси коста гардидани хулқу атвори наврасон ва гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳо ва равияҳои ҷиноятпеша мегарданд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки авбошии наврасону ноболиғон ҳеҷ гоҳ хоси одоби миллии тоҷик набуда, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ байни ноболиғону наврасон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳоро тақозо менамояд. Бинобар ин зарур шуморида шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон зимни бурдани корҳо вобаста ба таълиму тарбияи ҳуқуқии наврасон бояд масъалаҳои ҷавобгарии юридикӣ пайдо кардани амалҳои ҷиноятиро ба шогирдон дуруст фаҳмонанд.
Тарбияи ҳуқуқӣ бо тарбияи ахлоқӣ пайванди зич дошта, ҳарду дар якҷоягӣ василаи асосии пешгирӣ намудани ноболиғону наврасон аз ин зуҳуроти нангин — ҷинояткорӣ мебошанд.
Раиси Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ҳисор аз раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак» ёдовар шуда, гуфт, ки сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо байни ноболиғону наврасон аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, бетарафӣ дар ин самт барои аҳли ҷомеа ва дар маҷмуъ барои ояндаи давлату миллат хатарафзо мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»






