Дар ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Хатлон паҳншавии малах ба мушоҳида мерасад

Апрель 1, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Хатлон паҳншавии малах мушоҳида мешавад. Барои нест намудани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд. Дар ин хусус 28 март зимни баргузории ҷаласаи ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах дар ноҳияи Вахш иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз гардида, дар се марҳила гузаронида мешаванд.

Малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзӣ мефарояд.

Ҳамчунин дар вилоят бо мақсади омодагӣ ба мавсими имсола,  сари вақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина муҳофизати майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ Ситоди вилоятӣ таъсис дода шудааст.

Инчунин Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар минтақаи Бохтар вазифадор карда шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин дар ҳар шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян карда,  дар ин мавзеъҳо коркарди техникӣ гузаронанд.

Инчунин барои сари вақт таъмиру омода намудани техникаҳои корхона ва ба миқдори зарурӣ захира намудани заҳрхимикатҳои сахттаъсир тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Апрель 1, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд