Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти пунбадона оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти пунбадона оғоз гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, хоҷагии деҳқонии «Муъминбобо»-и ноҳия дорои 33 гектар замини корам буда, аз он 23 гектар барои кишти пунбадона ҷудо шудааст.
Пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати мамлакат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр нақши калидӣ мебозад.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамчунин гармхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хайри сафо» мавҷуд аст.
Масоҳати он 1,95 гектар буда, дар он навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ парвариш меёбанд. Имсол барои таъмини фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ майдони гармхона самаранок истифода гардидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






