Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шумораи ақди никоҳ зиёд ва бекоршавии он коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шумораи сабти ақди никоҳ зиёд гардида, бекоршавии он коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ин ноҳия, дар се моҳи соли 2025 495 ҷуфт ақди никоҳ бастаанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар медиҳад, дар ин давра танҳо 23 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 15 ҳолат кам мебошад. Аз ин шумора 16 ҳолат дар асоси ҳалномаи суд ва 7 ҳолати дигар бо дархости ҳамсарони ҷудошаванда бекор карда шудааст.
Масъулин коҳиш ёфтани бекоршавии ақди никоҳро дар ноҳия натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва сиёсати оилапарваронаи давлат ва Ҳукумати мамлакат медонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






