Дар ноҳияи Дӯстӣ даъватшавандагонро бо тантана ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Зимни адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию инсонгароӣ, мардонагию шуҷоат, адолатнокию қавииродагӣ тарбия гардида, барои ҳифзу нигаҳдории амнияти мамлакат омода мешаванд. Ин матлаб зимни маросими гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ноҳияи Дӯстӣ баён шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ доданд, дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ дар ноҳия нақшаи даъват иҷро гардид.
Раиси ноҳияи Дӯстӣ иброз намуд, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат сол аз сол шароит барои хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар карда мешавад. Сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо, ки бештар бо дидани қисмҳои ҳарбӣ оғоз меёбанд, далели ғамхории Пешвои миллат нисбат ба сарбозону афсарон мебошад.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Вазифаи муҳими ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифзу ҳимоя намудани марзу буми Ватан аст. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб менамояд. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






