Дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади пешгирии паҳншавии малах корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ, аз ҷумла дар чарогоҳи маҳаллаи Ваҳдатободи деҳоти Навбаҳор бо мақсади пешгирии паҳншавии малах корҳои дорупошӣ ва нобудсозии тухмгоҳҳои малах шуруъ шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, дар ин мавзеъ дар 1250 гектар пайдоиши малахи марокашӣ сабт шуда, бо истифода аз техникаҳои махсус ва заҳрдоруҳои дорои таъсири баланд малахҳо нест карда мешаванд.
Дар ноҳия ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, 15 сокини маҳаллӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии мубориза бар зидди малах дар ноҳияи Мастчоҳ ба корҳои дорупошӣ ва мониторинги мавзеъҳо ҷалб шудаанд. Барои иҷрои босамари корҳо заҳрдоруҳои таъсирнок, дастгоҳҳои муосири дорупошӣ, либоси муҳофизатӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ дар ихтиёри кормандон гузошта шудаанд.
Мутахассисони соҳавӣ таъкид мекунанд, ки паҳншавии галавии малах метавонад боиси зарари ҷиддӣ ба чарогоҳҳо ва зироати кишоварзӣ гардад. Намудҳои галаҳои малах одатан қобилияти зуд ҳаракат кардан дошта, дар муддати кӯтоҳ масофаҳои зиёдеро тай мекунанд. Агар тадбирҳои саривақтӣ андешида нашаванд, онҳо метавонанд чарогоҳҳо ва зироати кишоварзиро пурра нобуд созанд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






