Дар шаҳри Кӯлоб нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро гардид

Апрель 2, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб иҷро шуд. Дар хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Рӯзи даъватшаванда — маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ бо иштироки ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайвастаанд ва волидайни онҳо баргузор гардид.

Дар мамлакат шуруъ аз 1 апрел маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад. Маъракаи даъвати баҳорӣ аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида,  охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Зимни ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ барои ҳар ҷавонмарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам қарз ва ҳам фарз аст».

Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват агар аз як тараф, ба дастгирию ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ вобаста бошанд, аз ҷониби дигар, ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ рабт доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Апрель 2, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад