Дар ЮНЕСКО ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конфронси илмӣ-байналмилалӣ доир мегардад

Апрель 30, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани «Рӯдакӣ» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» ба бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ конфронси илмӣ-байналмилалӣ баргузор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи конфронс омӯзиши амиқи осори беназири Ҳофизи Шерозӣ ва эътирофи арзиши воқеии саҳми ин абармарди сухану адаб дар тамаддуни башарӣ мебошад. Аз ин рӯ пажуҳишгарону донишмандон имкон доранд, ки дар ин конфронс иштирок намуда, мақолаҳои худро пешниҳод намоянд.

Конфронс мавзуъҳои «Ҳофизи Шерозӣ – шоир, файласуф ва ориф», «Зарурати шинохти осори адабии Ҳофиз», «Ҳофиз ва таъсири эҷодиёти ӯ бар фарҳангҳои ҷаҳонӣ», «Ҷойгоҳи инсони озодманиш дар ашъори Ҳофиз», «Арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳофаринӣ ва таҳаммулпазирӣ дар эҷодиёти Ҳофиз», «Даъвати Ҳофиз ба маҳви хурофоту таассуби динӣ», «Тараннуми дӯстӣ дар ашъори Ҳофиз», «Ниёзҳои ҷаҳони имрӯз ба дарки андешаҳои Ҳофиз», «Вижагиҳои мумтози ашъори Ҳофиз аз назари мунаққидони адабӣ ва фалсафӣ», «Нақши ашъори Ҳофиз дар рушди мусиқӣ, махсусан шашмақом» ва «Панди Ҳофиз- ҳидоятгари инсонҳо ба сӯи камолоти маънавӣ»-ро дар бар мегирад.

Конфронс аз 11 то 14 июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки шоир ва мутафаккири бузург Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи бузургтарин шоирони тоҷику форси асри XIV аст, ки бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мондаанд.

Дар адабиёти классикии тоҷику форс ҳар шоир бо маҳорату ҳунари сухангустарии худ ҷойгоҳи хосса дорад. Хоҷа Шамсуддин Ҳофизи Шерозӣ яке аз шоирони нобиға ба шумор рафта, дар сархати соҳибдевонҳои машҳуру мондагори адабиёт қарор дорад.

Ҳофиз бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷик буда, дар таърихи адабиёти тоҷику форс мақоми баланд дорад. Осори Ҳофиз асрҳо инҷониб дар сарзамини Эрону Ҳиндустон, Афғонистон ва Осиёи Миёна шуҳрат пайдо намуда, дар дили ҳазорон пайравону муштоқонаш ҷой гирифтааст.

Осори Ҳофиз ба қатори дастовардҳои тамаддуни дунё дохил шуда, ӯ ҳамчун яке аз бузургтарин шоири лирики беназир шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ҳофиз ва шахсияти ин сухансарои номӣ диққати бисёр бузургони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.

Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези ғазалиёти Ҳофиз баҳравар шуда, дар ситоишу васфи каломи шӯрангези ӯ таассуроти хешро баён намудаанд.

Ҳофизи Шерозӣ дар эҷоди шеър ба монанди наққоши моҳир ҳар маъниро бо рангҳои зебо оро дода, маънӣ ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст. Бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ- шоири немиси асри XIX Гёте андешаҳои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илҳомбахш пас аз ошноӣ бо эҷодиёти Ҳофиз чунин навиштааст: «Эй Ҳофиз, сухани ту ҳамчун абадият бузург аст, зеро онро оғоз ва анҷом нест. Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавҷи дигар берун метаровад».

Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Ҳофизро тақлид намуда, аз ашъори дилнишини ӯ баҳра бурдаанд. Ба ҳамин тариқ, шуҳрати Ҳофиз аз доираи мамлакати худ берун баромада, ба тамоми Шарқу Ғарб паҳн гардида, дар қатори бузургтарин шоирони дунё мақоми арҷманд гирифтааст. Яъне Ҳофиз яке аз он шоироне аст, ки хусусияти бисёр нозук ва латифи забони дариро медонист. Дар тараққӣ ва ҳусну латофати ин забон хизматҳои тақдиршаванда намудааст ва дар ашъори ӯ садҳо таркиб ва ибораҳои нав вомехӯранд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки Ҳофизи Шерозӣ соли 1325 дар шаҳри Шероз ба дунё омада, соли 1389 дар ҳамин шаҳр аз олам чашм мепӯшад. Ӯро дар наздикии шаҳри Шероз, яъне Мусалло, дар байни дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг дафн намудаанд. Имрӯз ҳам мавзеи Мусалло ободу зебо буда, зиёратгоҳи мардумони олам аст. Сайёҳони зиёде ҳар сол ба Шероз омада, мақбараи Ҳофизро зиёрат менамоянд.

Соли 2025 дар тамоми дунё 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ таҷлил мегардад. Дар Тоҷикистон низ бо дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи муассисаҳои илмию пажуҳишӣ 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ таҷлил карда мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 30, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд