ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш беш аз 11 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинонида шуд

Апрель 29, 2025 09:41

ЛАХШ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш  дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба тариқи ҳашарҳои ниҳолшинонӣ беш аз 11 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст. Дар ин хусус мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Лахш Эраҷ Камолов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Мувофиқи нақша, солҳои 2024-2025 дар ноҳияи Лахш бояд 12 ҳазор  бех ниҳол ва зиёда аз 2000 ҳазор адад гулу буттаҳо шинонида шаванд. Хушбахтона, сокинони ноҳияи Лахш дар доираи иҷрои амалии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва ҳифзи муҳити зист масъулият ҳис намуда, то охири мавсим нақшаи дарахтшинонию сабзазоркуниро барзиёд иҷро менамоянд.

Директори Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш Шамсиддин Шарифзода иброз дошт, ки дар ҳудуди заминҳои Хоҷагии ҷангали ноҳия то имрӯз  10 гектар ҷангали нав бунёд ва  50 гектар ҷангал  барқарор карда шуд. Мувофиқи нақша, то охири мавсими ниҳолшинонӣ бунёди ҷангалзор ва барқарор намудани  ҷангалҳои азбайнрафта идома меёбад.  Дар заминҳои хоҷагии ҷангал бештар дарахтони мевадиҳандаи чормағз, хуч, себ, нок, олуча ва ороишии сӯзанбаргу сафедор шинонида мешаванд.

Инчунин вобаста ба иҷрои «Барномаи рушди парвариши павлония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2024-2028» дар мавзеи Хушҳоли ноҳия дар  70 садяк дарахти павлония шинонида шудааст. Парвариши он дар ҳолати хуб буда, дар оянда шинонидани ниҳолҳои павлония идома меёбад.

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш ниҳолҳои дарахтон бо тавсияи мутахассисон ва бо риояи қоидаҳои агротехникию мутобиқ ба минтақа шинонида мешаванд.

Дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ кормандони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш,  сохторҳои гуногуни ноҳия ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолона иштирок намуда, дар ободонии ноҳия саҳм мегузоранд.

 АКС аз бойгони 

Апрель 29, 2025 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд
«ШАҲРИ САБЗ». Дар ҳудуди Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои пойтахт 3,6 ҳазор бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
Дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарахтони навъи магнолия шинонида шуданд
«ЯК ҶАВОН – ЯК ДАРАХТ». Дар Душанбе иқдоми ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Соли 2026 дар шаҳри Панҷакент дар ҳазор гектар боғ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида мешавад
Дар канори шоҳроҳи Чанок-Душанбе беш аз 5 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд