Давлати Кувайт Шартномаи таърихии сеҷониба ва Эъломияи Хуҷандро намунаи ибрат номид

Апрель 4, 2025 13:25

ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт имзои Эъломияи Хуҷандро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон намунаи ибрат номид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз ҷумла, дар изҳорот омадааст: «Вазорати корҳои хориҷӣ истиқболи Давлати Кувайтро аз имзои Эъломияи Хуҷанд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон изҳор менамояд. Ин эъломия ба таҳкими роҳҳои дӯстии абадӣ ва муайян намудани нуқтаи иттиҳоди сарҳадҳои байналмилалии се кишвар равона шудааст. Маросими имзои он рӯзи душанбе, 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Давлати Кувайт ин қадами мусбатро, ки руҳияи ҳамкорӣ ва ҳамсоягии некро инъикос менамояд, қадрдонӣ карда, дар ин замина таъкид мекунад, ки ин дастовард намунаи ибрат барои пойбандӣ ба роҳи муколама ва ҳалли масъалаҳои баҳсӣ бо роҳҳои дипломатӣ мебошад.

Ба ин муносибат Вазорати корҳои хориҷӣ самимона ҳукуматҳо ва мардумони ҷумҳуриҳои дӯсти Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро  табрик гуфта, ба онҳо пешрафт ва шукуфоии доимӣ  таманно менамояд».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2025 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд