Дипломатияи сулҳ ва дидгоҳи стратегии Президенти Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад
ДУШАНБЕ, 05.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамоиши таърихии се мамлакати ҳамсуди минтақа — Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро, ки 31 марти соли равон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба вуқуъ пайваст, метавон ҳамчун намунаи беҳтарини дипломатияи эҷоди ҳамзистӣ дар фазои сулҳ ва ҳамгарфаҳмӣ арзёбӣ намуд.
Иқдоми роҳбарони олимақоми кишварҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров армуғони шоистае аст дар ибтидои соли 2025 — Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст. Чунин ибрози назар намудааст мушовири Сафорати Тоҷикистон дар Украина Муҳаммад Эгамзод.
— Тавре огоҳем, ҳадафи асосии аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмиллалии сулҳ ва эътимод эълон намудани соли 2025 ба зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, эҷоди ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳи пойдор нигаронида шудааст.
Ин сол, ки моҳиятан аҳамияти эътимодро ҳамчун унсури асосӣ дар пешгирии низоъҳо ва эҷоди ҷомеаҳои созгор таъкид менамояд, аввалин шуда дар минтақаи мо, яъне дар Осиёи Марказӣ аз истиқболи густурда бархӯрдор гардид.
Ҳамоиши таърихии роҳбарони олимақоми Тоҷикистон, Узбекистону Қирғизистон ва натиҷаҳои муҳими он метавонад дар таърихи дипломатияи муосир дар системаи муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун «Ҳамоиши Хуҷанд» ҷойгоҳи хосса пайдо намояд.
Таҳлили амиқ нишон медиҳад, ки зимни ин ҳамоиш идеяи ҳамгироии се ҷумҳурии ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ ба хотири ҳамзистии дӯстона ва эҷоди ҳусни тафоҳум ифодаи нав ва шаклҳои дақиқтари дипломатӣ пайдо намуд.
Дипломатия барои дастрасӣ ба сулҳ ва эҷоди фазои эътимод шеваи динамикӣ дошта, аксар вақт хеле мураккаб мебошад.
Пешравӣ дар ин самт ба боварӣ, ҳамфикрӣ ва умумият вобаста аст. Барои ҳалли мушкилоти печида ва роҳҳои дарёфти созиш дар баробари истодагарии сиёсӣ хирад, сабру тоқат ва қувваи беназир низ заурр аст.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исбот намуданд, ки на танҳо ҳамчун Пешвои миллат соҳиби қалби лабрез аз шафқат ва ақлу идроки беназир ҳастанд, балки дорои дидгоҳи фавқулодаи стратегӣ низ мебошанд.
Ин дидгоҳи стратегии Роҳбари хирадманди мамлакати мо бо дарки зарурати эҷоди дипломатияи сулҳу созиш ба фароҳам овардани заминаҳои минбаъдаи шукуфоӣ ва рушди минбаъдаи на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми мамлакатҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст.
Ин дидгоҳи стратегӣ ба дарки воқеияти раднопазир, яъне мавҷуд набудани ҳеҷ роҳи дигари алтернативӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда, ба ҷуз аз эҷоди сулҳу созиш ва ҳамгироии миллатҳои сокини минтақа таъкид менамояд.
Ҳама гуна дипломатия бояд ба эътимод асос ёбад. Эътимод дар дипломатия муҳим аст ва ҳамоиши таърихии Хуҷанд собит сохт, ки дипломатияи тоҷикон, узбекҳо ва қирғизҳо дар натиҷаи талошу заҳматҳои муштарак ба ҳамин омили асосӣ дастёб шудааст.
Минтақаи Осиёи Марказӣ, ки давоми садсолаҳо дар чорроҳаи якчанд тамаддун ва фарҳангҳо қарор дорад, аз ҳарвақта дида, имрӯзҳо, дар ин замонаи пуртаҳлука ва гирифтори хатарҳои нигаронкунанда ба фазои сулҳу оштӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаи сокинони он ниёзманд аст.
Феълан дар чунин шароити вазъияти мураккаби байналмилалӣ ин дидгоҳи стратегии Президенти мо ва ҳамтоёни он кас дар минтақа ҳамчун воситаи самарабахши ҷустуҷӯи роҳҳои якҷояи ҳалли мушкилоти умумӣ аз тариқи мустаҳкам намудани эътимоду боварӣ ва ҳамфикрӣ байни сокинони мамлакатҳои ҳаммарз заминаи воқеӣ дорад.
Ин дидгоҳи стратегӣ бо шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки раҳбарони мамлакатҳои минтақа тамоюли ба ҳам наздикшавии минбаъдаи халқҳои Осиёи Марказӣ ва ҳифзи ваҳдат байни миллатҳоро дар хонаи ягонаи мо, яъне дар саросари Осиёи Марказӣ устувор ва бебозгашт мегардонад.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки солҳои охир дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ зуд-зуд баргузор намудани чорабиниҳои мухталифи фарҳангию башардӯстона ва вохӯриҳои муштарак ба анъанаи хуб табдил ёфтааст.
Чунин нишастҳо, дар мисоли равшани ҳамоиши Хуҷанд дар сатҳи олӣ, ки ба ҳамраъйии комили сокинони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон асос ёфта, ба манфиати кулли халқҳои мамлакатҳои Осиёи Миёна мувофиқ аст, ба пойдор гардонидани сулҳ ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои рушди устувор ва пешрафти ин минтақа мусоидат менамоянд.
Аз ин лиҳоз метавон бо боварии том иброз намуд, ки дипломатияи сулҳ ва дидгоҳи стратегии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори баргузории ҳамоиши Хуҷанд шоистаи таҳсин аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад






