Долони нави мустақими ҳавоии байни Тоҷикистон ва Чин — POMIR-AGVUT ба масири транзитӣ табдил дода мешавад
ДУШАНБЕ, 01.04.2025/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе 6-умин вохӯрии ҳамоҳангсозии системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия».
Дар мулоқот роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода, муовини маъмурияти Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин, ҳайати меҳмонони воломақоми авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндани ширкати ҳавопаймоии «China Southern Ailines» ва мутахассисони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаи ба масири транзитӣ табдил додани долони нави мустақими ҳавоии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (POMIR-AGVUT) ва ҷалби ширкатҳои ҳавопаймоии дохилу хориҷ матраҳ гардид.
Ҳамзамон дар доираи сафари худ намояндагони воломақоми авиатсияи граждании Чин бо утоқҳои корӣ, манораи муназзимии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва бо фаъолияти таъмини хизматрасонии аэронавигатсионии корхона аз наздик шинос шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки амалишавии ин иқдомҳо на танҳо барои Тоҷикистону Чин, балки барои кишварҳои Осиё ва Аврупо имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Ҳамзамон, ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ барои рушди иқтисод ва таҳкими шарикии стратегии ҳарду давлат ва дигар кишварҳои минтақа муҳим аст.
АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»








Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд






