Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд

Апрель 7, 2025 11:41

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Наврӯз-пайвандгари қалбҳо ва тамаддунҳо» Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.

Нахуст ҳайати меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллии халқи тоҷик шинос шуда, ба маҳорату малакаи роҳбарияту кормандон ва хонандагону донишҷӯёни ин муассисаҳо баҳои баланд доданд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ  иброз дошт, ки «имсол мардуми Тоҷикистон дар як рӯз, яъне 21 март ду ҷашн — Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро таҷлил намуданд. Ҳардуи ин рӯзҳо аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Маҳз бо заҳмат ва саъю талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷашни таърихию аҷдодии миллии мо байналмилалӣ эълон гардид. Ҳамчунин барои наҷоти аҳли башар бо мақсади ҳифзи сарчашмаи асосии оби тоза дар кураи Замин 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд».

«Агар ҷонибдорӣ гардидани ин ташаббусҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аз як тараф, эътирофи Пешвои миллати мо дар арсаи байналмилалӣ бошад, аз тарафи дигар ин иқдом дар роҳи шинохти миллати куҳанбунёд, тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик, ки дар рушди тамаддуни инсоният саҳми назаррас дорад, муҳим арзёбӣ мегардад. Яъне, Пешвои миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки мо меросбарони аҷдодони таърихсозу тамаддунофари худ ҳастем ва  имрӯз низ дар ин роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳем», — афзуд Фарҳод Раҳимӣ.


Наврӯз ҷашни кайҳону табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки мавҷудияти худро то замони мо аз даст надода, баръакс дар замони давлатдории миллии мо шукуҳу шаҳомати хосса пайдо намуд ва бо талошу ҷонбозиҳои Президенти ҷумҳурӣ ҷашни байналмилалӣ унвон гирифт. Об дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал,  муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи арз буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз вуҷуд доштани об вобастагӣ дорад. Ҳанӯз ҳазорон сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузоштанд ва манбаи асосии ҳаёт будани обро дарк намуда, ба он мақоми баланд доданд ва ҳамеша покиза нигоҳ доштани обро таъкид намудаанд.

Аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи мамлакат ва донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барномаи театрии фарҳангӣ, ки иборат аз шеъру тарона, рақсу бозиҳои варзишӣ ва сурудҳои тараннумгари Наврӯз ва Ватан буд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 7, 2025 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад
Дар Душанбе ҳамоиши тантанавии «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Қароргоҳи СММ дар шаҳри Вена таҷлил гардид
«НАВРӮЗ — ИДИ ЗАНОНИ ВАҲДАТСАРО». Ин форум занони тоҷик, узбек ва қирғизро дар фазои дӯстӣ ба ҳам овардааст
Маросими гусели сарони давлатҳои Қирғизистон ва Узбекистон
Иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии муштараки наврӯзӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз