ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Деваштич дар 9 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд

Апрель 30, 2025 16:13

ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Деваштич дар майдони  9 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад, ки нисбат ба соли 2024  800 гектар бештар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар ноҳияи Деваштич, ки яке аз минтақаҳои асосии картошкапарварии мамлакат ба шумор меравад, сол ба сол майдони кишти картошка зиёд карда мешавад. Дар хоҷагии деҳқонии «Шоҳон»-и Ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳия дар 280 гектар кишти картошка ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар 130 гектар кишт анҷом дода шуда, барои иҷрои пурраи нақша тухмии зарурӣ захира гардидааст. Соли 2024 дар ин хоҷагӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 450-сентнерӣ ҳосил гирифта шуд.

Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироат мувофиқ аст. Барои парваришу истеҳсоли картошка ва то ба 500 ҳазор тонна расонидани ҷамъоварии ба истилоҳ «нони дуюм» дар ноҳияи Деваштич имконият фаровон аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

 

Апрель 30, 2025 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд