Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент дар 380 гектар картошка кишт менамоянд

Апрель 13, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки дар мавсими баҳор дар 380 гектар картошка кишт намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Бо ин мақсад дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ кишт вусъат дода мешавад. Аз ҷумла, бо истифода аз обу ҳавои мусоид дар мавзеи Дашти Малла саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Қодири Султон ва дигар кишоварзон ба ҳашар баромада, дар 1,7 гектар картошка шинониданд. Майдони кишти он дар ҷамоати деҳот ба 115 гектар расонида шуд.

Инчунин дар мавзеи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг низ кишти  картошка идома ёфта, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ҳақиқат» ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ то кунун дар 20 гектар картошка кишт намудаанд. Дар қисмати кӯҳсори ҷамоати деҳот кишти картошка нав оғоз шудааст.

Роҳбарияти шаҳр зимни шиносоӣ бо ҷараёни кишти баҳорӣ, аз ҷумла картошка дар ин ҷамоатҳои деҳот ба масъулин барои омода намудани замин ва вусъат додани кишти картошка тавсияҳои судманд доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Апрель 13, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд