Масъалаи ҷалби ширкатҳои эронӣ барои фаъолият дар нахустин IT-парки Душанбе баррасӣ шуд

Апрель 10, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба омӯзиш ва табодули таҷриба дар раванди фароҳамоварии фазои  мусоид барои рушди инноватсия байни Тоҷикистон ва Эрон дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва Раиси созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фанноварии байналмилалӣ, Муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни назди Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Амир Ҳурмузинажод дар Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо доир ба рушди ҳукумати электронӣ, татбиқи хизматрасониҳои рақамии давлатӣ, савдои электронӣ, имзои электронӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҷалби ширкатҳои эронӣ барои фаъолият дар «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» ибрози назар намуданд.

Бо пешниҳоди роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ меҳмонон бо ҷараёни фаъолияти нахустин IT-парк дар Тоҷикистон, ки 7 апрел ифтитоҳ гардид, шинос шуданд.

Ҳар ду тараф зарурати истифодаи таҷрибаи ҳамдигарро дар самти бозомӯзии илмӣ-амалии ҷавонон муҳим шумориданд.

Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории тарафайн вобаста ба муқаррароти Ёддошти тафоҳум байни Муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории илмӣ ва фанноварӣ, ки дар доираи сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Эрон 7-8 январи соли 2024 имзо шуда буд, ба мувофиқа расиданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 10, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид