Намояндагони 19 давлати ҷаҳон дар Душанбе масъалаҳои муҳими соҳаи алоқаро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ ва дар доираи он форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа намояндагон аз 19 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Туркманистон, Афғонистон, Булғористон, Латвия, Литва, Словения ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иброз дошт, ки дар асоси татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа баланд бардоштани суръат ва сифати алоқаи барқӣ дар мамлакат, таъмини пӯшиши радиоии муносиб дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи ҷомеа мутобиқ намудани соҳаи алоқа ва табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ дар бозори телекоммуникатсионӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳим мебошанд.
«Бахши хусусӣ дар бозори телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши асосӣ дорад. Аз 30 ширкату провайдерҳои фаъолияткунанда 29-тои он ба ин бахш рост меояд. Мақсад аз ҳимояи фаъолонаи давлатӣ аз бахши хусусӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоид ва рақобати солим дар бозори телекоммуникатсионӣ мебошад. Фароҳам овардани заминаи муносиби рушд ва муосиргардонии фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ва провайдерони алоқаи собит яке аз омилҳои муҳим барои боло бурдани сатҳи хизматрасонии алоқаи барқӣ мебошад»,-изҳор дошт Исфандиёри Саъдулло.
Дар ин замина таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст бо созмонҳои марбута ва мамлакатҳои дуру наздик дар бахши алоқа ҳамкории судмандро тақвият бахшад.
Директори генералии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа Алексей Бородин зимни Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани заминаи муносиб бобати баргузории ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ изҳори сипос намуда, ба талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди робитаҳои қавӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти соҳа баҳои баланд дод.
«Дар доираи ин ҷаласа, ки чанд рӯз идома меёбад, мо якчанд масъалаи муҳими соҳаи алоқаро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Омодагӣ ба Ассамблеяи радиоалоқа, Конфронси умумиҷаҳонии радиоалоқа, ки дар назар аст соли 2027 баргузор гардад, инчунин 160-солагии Иттиҳоди байналмилалии алоқа аз ҷумлаи онҳо мебошанд»,-гуфт Алексей Бородин.
Намояндаи ширкати «Huawei Technologies Co., Ltd.» Александр Гуляев иброз дошт, ки «мо дар замони беназире зиндагӣ дорем, ки пешрафти техника ҳар рӯз суръат мегирад. Аз ин рӯ таъмин намудани сифати алоқаи мобилӣ ва интернет барои мо василаҳои нави тиҷорат ва муоширатро муҳайё месозад. Инчунин эътимоди муштариёнро ба сифату суръати интернет таҳким мебахшад. Барои қонеъ намудани эҳтиёҷи бозор дар самти алоқаи мобилӣ давлатҳоро зарур аст, ки барои таъмини интернети мобилӣ ва технологияи рақамӣ корҳои муҳимро анҷом диҳанд».
Гуфтан ба маврид аст, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик сокинонро бо интернети насли нави 5G таъмин намояд.
Суръати насли нави 5G нисбат ба интернете, ки имрӯз истифода мешавад, хеле баланд аст. Он имкон медиҳад, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои дурдасттарини мамлакат низ мардум бо интернети босифат таъмин гарданд.
Иштирокчиёни форум доир ба густариши ҳамкории мутақобили судманд байни операторони алоқаи барқии мамлакат, фароҳам овардани дастрасии ҳамсон ба алоқаи барқӣ дар давлатҳо, навсозии инфросохтори соҳа, бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ бо стандартҳои 4G ва 5G, муносиб намудани арзиши хизматрасониҳо, пайваст шудани шабакаҳои телекоммуникатсионии мамлакат ба таври мустақим ба системаи байналмилалии шабакаҳои кабелии зериуқёнусии интернет, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси марказҳо ва махзанҳои коркарди маълумоти калонҳаҷм, густариши истифодаи шабакаҳо ва технологияҳои алоқаи моҳвораӣ ибрози назар намуданд.
Инчунин зимни ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ масъалаҳои муҳими танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ дар сатҳи давлатҳои минтақа ва фароминтақа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён иброз доштанд, ки баргузории чунин ҷаласаҳо ба тақвияти ҳамкории мутақобили судманд дар бахшҳои гуногуни соҳаи алоқа замина мегузорад.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 аъзои комилҳуқуқи Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ мебошад. Маротибаи нахустин аст, ки ҷаласаи ин комиссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори маҳвораӣ ҳар сол ду маротиба дар тамоми давлаҳои аъзо ҷаласа баргузор менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ бо ибтикори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони байнамилалии алоқа ва Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа аз 7 то 11 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»