Намояндаи Тоҷикистон бо муовини Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа мулоқот намуд

Апрель 18, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо муовини Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа Томас Ламанаускас баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ, ҳукумати электронӣ ва таҳияи Стратегия оид ба амнияти кибериро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин омодагӣ ба  Конфронси  ҳифзи пиряхҳоро дар Душанбе  ва саммитҳои ҷаҳонии 2025 оид ба ҷомеаи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ  байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмилалии алоқаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария

 

 

 

Апрель 18, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд