Намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо намояндаи олии ин созмон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо намояндаи олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикарда, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ Рабаб Фатима доир гардид.
Тавре аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба таҳкими ҳамоҳангсозӣ байни Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs), дар арафаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба LLDC3, ки моҳи августи соли 2025 дар Туркманистон баргузор мегардад, мубодилаи судманди афкор анҷом доданд. Таъкид гардид, ки садо ва манфиатҳои ин кишварҳо бояд дар санадҳои ниҳоии конфронс пурра ва ҳамаҷониба инъикос ёбанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати истифодаи васеи платформаҳои муҳими байналмилалиро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, ҳар ду ҷониб ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар Тоҷикистон, инчунин Конфронси 30-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар Бразилия доир хоҳанд шуд, ҳамчун фурсати муҳим барои расонидани садои ин кишварҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилот ва ниёзҳои онҳо дар самти рушди устувор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид






