«ОИЛАИ БЕҲТАРИН». Бо мақсади гиромидошти арзишҳои оиладорӣ озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Апрель 20, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ»  баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаҳои муҳаббату эҳтироми якдигар, баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои оила дар иҷрои рисолати иҷтимоишавии шахс дар муҳити оила, пешгирии пошхӯрии оила, махсусан оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, пешгирии ҳолатҳои дахолати беасоси шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ гузаронида мешавад.

Озмун аз се давр иборат буда, ҳамасола давоми моҳҳои апрел ва май дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегардад.

Даври якум дар деҳа, ноҳия ва шаҳрҳо нимаи аввали моҳи апрел, даври дуюм дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нимаи дуюми моҳи апрел ва даври сеюм дар шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони даври якум ва дуюм доир карда мешавад.

Ғолибони озмун аз рӯи меъёрҳои зерин: ҳамчун оилаи намунавӣ дар маҳалли зист, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дуруст, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат, иштироки аъзои хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон, забондонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан-Модар ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа муайян мегарданд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ, иқдому озмунҳои маърифатӣ ба  ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону духтарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имконияти равонию ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳукуқии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму ойинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамоянд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Апрель 20, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад