Подшоҳии Баҳрайн аз имзои санадҳои таърихӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол намуд

Апрель 7, 2025 10:54

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн аз натиҷаҳои мулоқоти сегонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд,  истиқбол намуда,  изҳороти расмӣ интишор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн хабар доданд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн чунин омадааст: «Вазорати корҳои хориҷӣ истиқболи Подшоҳии Баҳрайнро аз имзои Шартномаи сеҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни се мамлакат баён намуд.

Вазорати корҳои хориҷӣ табрикоти самимии Подшоҳии Баҳрайнро ба ҳукуматҳо ва мардумони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баён дошта, изҳори умедворӣ намуд, ки ин иқдоми мусбат пайвандҳои ҳамкорӣ, дӯстӣ ва шарикии стратегии се ҷумҳуриро тақвият бахшида, боиси некӯаҳволӣ ва шукуфоии мардумони бо ҳам дӯст хоҳад шуд ва ба таҳкими амният, субот ва сулҳи минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд».

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн

Апрель 7, 2025 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд