Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд

Апрель 13, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 13.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва Ноиби Президенти ҳамин бонк хонум Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд. 

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳониро баланд арзёбӣ намуда, аҳаммияти басо хоссаи идомаи самараноки шарикӣ бо онро, бо назардошти шароити имрӯзаи афзоиши таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъкид карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами вобаста ба тавсеаи истеҳсолу содироти энергияи тоза аз манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон ва дар ин замина рушди иқтисоди “сабз”-ро муҳокима намуданд. Дар ин зимн ҷонибдории Бонки Ҷаҳонӣ аз дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим таъкид гардид.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои вобаста ба дигар ҷанбаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, устуворнокии иқтисодиёти он ба хавфу хатарҳои муосир, ҳамчунин, ҷалби маблағҳои грантӣ ва имтиёзноки шарикони рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар муҳокима гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимод саҳмгузории худро дар амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувор идома хоҳад дод.
Мулоқот бо Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассани 13.04.2025

Апрель 13, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд