Рӯзҳои охири моҳи апрел дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст

Апрель 23, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охири моҳи апрел дар мамлакат ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо баландшавии ҳарорат дар назар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳавои моҳи  апрели имсола ба моҳи апрели соли 2013 шабоҳат дорад. Дар рӯзҳои охири моҳ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, то 31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат то 35 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар рӯзҳои охири моҳ ҳаво аз 29 то 30 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шарқи вилоят то 5 дараҷа гармӣ ва дар ғарби вилоят то 15 дараҷа гармӣ пешгӯӣ карда мешавад.

АКС: Dushanbe Travel

 

Апрель 23, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад