РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Апрель 19, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии  Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат бо Намояндагони доимии Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Сенегал дар СММ — Муҳаммад Исса Абушаҳоб ва Колӣ Сек, ки ба ҳайси мизбони Конфронси оби СММ-2026 мебошанд, мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии  Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории муштарак дар самти омодагии ҳамаҷониба ба Конфронси оби соли 2026-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон  аҳаммияти пайвастани мантиқии раванди татбиқи натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023 ва идомаи ҳамоҳангсозии талошҳо дар робита ба маъракаҳои муҳими байналмилалии обро, ки дар солҳои 2026 дар Аморати Муттаҳидаи Араб ва соли 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, таъкид намуданд.

Ҷонибек Ҳикмат дар рафти мулоқот аз мизбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси оби СММ дар соли 2028 сухан намуда, идомаи истифодаи минбаъдаи платформаи «Раванди оби Душанбе»-ро ҳамчун як механизми муассири байналмилалӣ дар татбиқи Ҳадафи шашуми Рушди устувор ва иҷрои «Рӯзномаи амали об» муҳим арзёбӣ намуд.

АКС: Намояндагии доимии  Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 

 

Апрель 19, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд