«РОҒУН»-ЗАМИНАИ АСОСӢ БАРОИ САНОАТИКУНОНИИ ТОҶИКИСТОН. Оид ба он конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳти унвони «Неругоҳи барқи обии «Роғун» — заминаи асосӣ барои саноатикунонии мамлакат» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд, дар конференсия намояндагони муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургӣ Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни конференсия аҳамият ва нақши Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ таъкид намуд.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Неругоҳи барқи обии «Роғун» – сарчашмаи нур ва иншооти аср», «Сарфаи энергия ва истифодаи самараноки он», «Мошинсозии рақамии Тоҷикистон» маърузаҳо пешниҳод шуданд.
Конференсияи байналмилалӣ бо ҳадафи таҳкими робитаҳои илмӣ-амалӣ, густариши ҳамкории муассир байни соҳаи илм ва истеҳсолот, инчунин муаррифии нақши калидии Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки пеш аз оғози конференсия дар донишкада намоиши «Дарҳои кушод» баргузор шуд. Дар намоиш беш аз 30 корхонаи саноатии ҳамкор ҷойи кор ва дастовардҳои истеҳсолиашонро муаррифӣ намуданд. Ба ин корхонаҳо барои ҳамкории судманд Сипосномаи донишкада супорида шуд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд






