Сокинони вилояти Суғд ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод кумак расониданд

Апрель 21, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони вилояти Суғд ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод кумаки инсондӯстона ирсол гардид. Кумак тавассути 22 мошини калони боркаш ба минтақаҳои осебдида фиристода шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳаҷми умумии кумак, ки аз хӯрокворӣ,  либос, лавозимоти зарурии рӯзгор ва маҳсулоти сохтмонӣ иборат буд, 210 тоннаро ташкил дод.

Мақсади ин иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастгирии моддӣ ва маънавии сокинони зарардида мебошад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз рух додани офати табиӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани ёрӣ ба осебдидагон чораҳои фаврӣ амалӣ гардида, тамоми ниҳодҳои дахлдор ба минтақаи зарардида сафарбар шуданд. Ирсоли кумак аз вилояти Суғд низ идомаи чунин тадбирҳо мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Апрель 21, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад