«Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Красноярск-Душанбе барқарор менамояд

Апрель 9, 2025 13:21

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 14 апрели соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар хатсайри Душанбе — Красноярск – Душанбе парвозҳои мунтазамро фаъол мегардонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии  «Сомон Эйр».

Парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 доир шуда, вақти парвоз аз Душанбе соати 13:30, аз Красноярск соати  20:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Красноярск 3 соату 45 дақиқа буда, дар самти баргашт 4 соатро ташкил медиҳад.

Барқарор шудани парвозҳо байни Душанбе ва Красноярск чун кӯшиши ширкати «Сомон Эйр» барои тавсеаи шабакаи парвозҳо ва фароҳам овардани робитаи муносиб байни нуқтаҳои муҳими Тоҷикистон ва Русия маънидод мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 9, 2025 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид