Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар самти ҷалби сармоя баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи ҷалби сармоя баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои стратегии калидӣ мубодилаи афкори созанда анҷом доданд. Махсусан рушди устувор нисбат ба тағйирёбии иқлим, манбаъҳои барқароршавандаи энергия- энергияи “сабз” ва гидроэнергетика ва имконоти васеи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги истифоданашудаи энергияи тозаи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамзамон масъалаҳои ҳамкории муштарак дар самти устувории экологӣ ва гузариш ба иқтисоди “сабз”, ки ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди ҳар ду давлат мувофиқат менамоянд, баррасӣ шуданд.
Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи кишварашро ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба афзалияти ҷаҳонии мубориза бо тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисоди устувор мутобиқ мебошанд, изҳор намуд.
Ҷонибҳо бобати ташаккули муҳити сармоягузории шаффоф ва барои ҳарду ҷониб муфид изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд






