Тсюй Дунъюй: «Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст»
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсюй Дунъюйро ба ҳузур пазируфтанд.
Тсюй Дунъюй баъди мулоқот бо изҳори хушнудӣ аз сафари корӣ ба Тоҷикистон кишвари моро зебо ва мардуми онро меҳмоннавоз арзёбӣ намуд. Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ иброз дошт, ки бо Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти тӯлонӣ ва судманд анҷом дод. Меҳмон таъкид намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо роҳбари барҷастаи Тоҷикистон, балки шахсияти мавриди эҳтироми кишварҳои дигари ҷаҳон низ медонад.
Тсюй Дунъюй таъкид намуд, ки қаблан низ борҳо дар Чин бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом додааст. Соли гузашта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳи марказии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) боздид анҷом дода буданд.
«Сафари ман ба Тоҷикистон бо мақсади таъкиди дастгирӣ ва садоқат ба ҳамкории дуҷониба доир гардид», — таъкид намуд Тсюй Дунъюй.
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва дигар сохторҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ афзуд, ки мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати муҳлат ва муҳтаво ғайриодӣ ва фарогир буд, зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи бузурги соҳаи кишоварзӣ доранд ва барои мубодилаи афкор дар ин соҳа ҳамеша омода мебошанд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба зироаткорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, муҳити зист, моҳипарварӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, илм ва таҳқиқот, таълим ва дигар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тсюй Дунъюй изҳор дошт, ки Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид омода аст дар раванди рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон саҳми худро гузорад ва афзуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ ва гуногунрангии биологию хӯрокворӣ мебошад.
Тсюй Дунъюй инчунин ба ҳамбастагии фарҳангии мардумони Чину Тоҷикистон ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик баҳои баланд дод.
Дар анҷом Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки созмони онҳо ҳамеша омода аст дар лаҳзаҳои зарурӣ ба Тоҷикистон кумак расонад.
Дар охир Тсюй Дунъюй таассуроти некашро аз кишвари мо изҳор дошта, шаҳри Душанберо яке аз пойтахтҳои беҳтарини Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд






