Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев аз олам даргузашт
ДУШАШНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев дар синни 71-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз раёсати фарҳангии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Асланшоҳ Раҳматуллоев 23 сентябри соли 1954 дар деҳаи Пушиёни ноҳияи Восеъ таввалуд шудааст. Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Москваро хатм ва фаъолияти эҷодиашро аз Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ оғоз намудааст. Дар спектаклҳои театр- «Гамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриодӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» ва ғайра нақшҳои хуб офаридааст, вале истеъдодаш дар кино бештар намоён аст.
Ҳамзамон дар филмҳои бадеии «Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита» (2 қисм), «Саргузашти Мукаи хурдакак», «Дар ағба напаронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм, телевизионӣ), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (2 қисм), «Кумир» ва ғайра нақш офаридааст.
Асланшоҳ Раҳматуллоев соли 1998 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2005 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






