35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 12 километр роҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиеви ноҳия Ҳамадонӣ таъмир мегардад
ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва сокинони ҳимматбаланди маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиеви ноҳия 12 километр роҳ таъмири асосӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Айни замон корҳои тахту ҳамворкунии роҳ ба анҷом расида, асфалтпӯш кардани он оғоз мегардад. Барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ техникаҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия сафарбар шуда, мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб гардидаанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ин иқдом дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъат гирифта, шаҳрвандон дар ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо ва маҳали зисти худ саҳми назаррас гузошта истодаанд. Онҳо мақсад гузоштаанд, ки бо ин ободкориҳо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор пешвоз гиранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд






