35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Ҳақиқати шаҳри Турсунзода бетонпӯш мегардад
ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси сокинони деҳаи Ҳақиқати Ҷамоати деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода 2 километр роҳи ин деҳа бетонпӯш мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Роҳи деҳаи Ҳақиқат солҳои зиёд таъмирталаб буда, рафтуомади сокинону воситаҳои нақлиёт мушкил буд.
Бо мақсади шиносоӣ бо ҳашари дастҷамъонаи сокинон Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар деҳаи Ҳақиқат бо сокинон суҳбат намуда, онҳоро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва расидан ба қадри сулҳу суботи комили Ватан даъват намуд.
Ин иқдоми неку созандаи сокинон минбаъд низ идома дода мешавад. Баъди анҷоми бетонпӯш кардани роҳи деҳа аҳолӣ ният доранд, ки корҳои дигари ободониро анҷом диҳанд.
Дар ҷамоату деҳоти шаҳри Турсунзода бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолону сокинони ватандӯст ва соҳибкорони саховатпеша корҳои тармиму навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва дигар тадбирҳои ободкорона вусъат меёбанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






