35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 990 иншоот бунёд, таъмир ва навсозӣ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 990 иншооти таъйиноти иҷтимоию иқтисодӣ бунёд, таъмир ва навсозӣ карда мешаванд. Аз ин шумора то имрӯз 664 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар шаҳр маркази хизматрасонии «Ром ойл» бо ташаббуси соҳибкор Муҳаммадҷон Қобилов сохта шудааст. Дар ин марказ хизматрасонии таъмиру шустани нақлиёт амалӣ ва ҳамзамон маҳсулоти ватанӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Равғанҳои молиданӣ ва моеи антифриз, ки барои воситаҳои нақлиёт зарур мебошанд, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кайҳоннавард» истеҳсол карда мешаванд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кайҳоннавард» нақша дорад, ки фаъолияташро боз ҳам тақвият бахшида, ҳаҷми истеҳсоли равғанҳои молиданӣ ва дигар маҳсулоти техникиро афзоиш диҳад.
Дар шаҳри Истаравшан маркази хизматрасонии «Сомон бренд» ба истифода дода шудааст. Дар ин марказ, ки замонавӣ аст, либосҳои мардона, кӯдакона, пойафзол ва дигар маҳсулоти рӯзгор ба харидорон пешниҳод карда мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






