Афзалиятҳои рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон дар ҳамоиши Бонки исломии рушд муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар ҳамоиши мудирони кишварии ин бонк иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода ба роҳбарияти Бонки исломии рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ минатдорӣ намуда, иброз дошт, ки тибқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диверсификатсияи иқтисодӣ бо роҳи рушди «сабз», инноватсия ва рақамикунонӣ ва неруи инсонӣ яке аз афзалияти асосӣ муайян гардидааст.
Татбиқи «Стратегияи нави Бонки исломии рушд дар бораи устуворӣ ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим барои солҳои 2026–2035» ва маблағҳои он ба ҳадафу афзалияти рушди кишварҳои аъзо, аз ҷумла иқтисоди «сабз», таъмини амнияти озуқаворӣ, инфрасохтори ирригатсионӣ ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






