Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар бахши радиомониторинг тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таҷрибаи корҳои ченкунӣ дар соҳаи истифодаи спектри радиобасомад дар Ҷумҳурии Узбекистон ва табодули таҷриба дар соҳаи радиомониторинг 1 май зимни вохӯрии намояндагони Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон баррасӣ гардид.
Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ ташкили системаҳои идоракунии радио, навъҳои воситаҳои техникӣ ва омӯзиши асбобҳои дар кори ченкунӣ истифодашаванда, ташкили фаъолияти назорати радиоӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, сиёсати кадрҳо ва такмили ихтисоси мутахассисон, қонунгузорӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт баррасӣ гардид.
Барои арзёбии вазъи электромагнитӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Узбекистон тадбирҳои дахлдор андешида шуда, инчунин барои табодули таҷрибаи мутахассисони ҷонибҳо дар корҳои ченкунӣ дар соҳаи алоқа заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Ҷонибҳо вобаста ба тақвият додани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи истифодаи спектри радиобасомад ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб ибрози назар намуданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






