Бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо байни кӯдакону наврасон озмуни расмкашӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии садо ва симои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе байни кӯдакону наврасон таҳти унвони «Пиряхҳоро наҷот медиҳем!» озмуни расмкашӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Филиали миллии Ширкати байнидавлатии садо ва симои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, озмун ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май) бахшида шуда, дар он кӯдакону наврасони аз 9 то 14-сола иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки ҳадафи асосии баргузории озмун шинос намудани кӯдакону наврасон бо муҳити зист, ҳифзи он ва ба таваҷҷуҳи ҷомеа расонидани хатари офатҳои табиӣ ва экологӣ дар натиҷаи обшавии пиряхҳо мебошад.
Кӯдакон дар нигораҳои худ нақши калидии пиряхҳоро дар нигоҳ доштани мувозинати экологии ҷаҳонӣ, инчунин дар наҷоти минбаъдаи он ва ҳалли мушкилоти об инъикос намуданд.
Ҳайати ҳакамон баён доштанд, ки кӯдакону наврасон асарҳоро аз нигоҳи худ инъикос намудаанд, ки ин хеле ҷолиб аст.
Ғолибони озмун бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Ширкати байнидавлатии садо ва симои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид






