Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон Созишнома ба имзо расид

Май 22, 2025 08:53

ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 май байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Созишнома дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода ва директори Китобхонаи миллии Озарбойҷон, профессор Керим Тахиров ба имзо расид.

Ҳамчунин  дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи адабиёти Озарбойҷон ташкил гардида, вохӯрии директорони китобхонаҳо доир шуд.

Ҷумахон Файзализода  иброз намуд, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон яке аз аввалин давлатҳое аст, ки соли 1992 бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи имзои Созишнома аз ҷониби Озарбойҷон барои гӯшаи адабиёти Озарбойҷон ба Китобхонаи миллӣ китобҳо ба забони озарбойҷонӣ тақдим гардиданд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Май 22, 2025 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид