Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон машваратҳои консулӣ баргузор шуданд

Май 28, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  27 май дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон машваратҳои консулӣ баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни машваратҳо ҳайати Тоҷикистонро cардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Сафарзода ва аз ҷониби Қирғизистон- Директори департаменти хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жумакадир уулу Сейтек роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, тартиби рафту омад ва будубоши шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои мубрами консулӣ баррасӣ карда шуданд.

Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъда ва идомаи муколамаи созанда изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид