Бо ду ширкати Финландия барои насб ва татбиқи низоми идоракунии дороиҳои роҳ қарордод ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ду ширкати Финландия- «Finnish Overseaas Consultants Ltd» ва «SirWay oy» барои насб ва татбиқи низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) қарордод ба имзо расонид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Санадро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори «SirWay oy» Конста Микаил Сирвио имзо намуданд. Қарордод дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудани солҳои 2025-2030 ба хотири тавсеа ва истифодаи технологияҳои нав ва марҳилаи чоруми татбиқи лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» баста шудааст.
Тавре Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ иброз дошт, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» соли 2023 дар Тоҷикистони бори аввал баҳисобгирии дороиҳои роҳҳои автомобилгард бо мақсади шиносномакунии минбаъдаи онҳо оғоз шуд. Ин амал аҳамият ва афзалияташро аллакай дар марҳилаи муоинаи роҳҳо нишон дод.
«Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти гирифташуда нуқсонҳои роҳҳои автомобилгардро муайян месозад. Ин имкон медиҳад, ки роҳҳо сари вақт таъмир ва маблағҳои барои нигоҳдории онҳо ҷудошуда дуруст тақсим карда шаванд», — афзуд вазир ва илова намуд, ки низоми идоракунии дороиҳои роҳ ба таҳияи стратегияи рушди минбаъдаи онҳо, таъсиси Фонди роҳ, таҳлилҳои иқтисодӣ, мубодилаи иттилоотӣ байни идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгард, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва истифодабарандагони роҳ мусоидат менамояд. Натиҷаи умумии низом имкон медиҳад, ки тавассути ташкили дурусти идоракунии дороиҳои роҳ бахши аъзами ин самти иқтисоди мамлакат метавонад марҳила ба марҳила ба соҳаи худмаблағгузор табдил гардад.
Изҳори умед карда шуд, ки дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои Финландия, ки дар ин самт таҷрибаи ғанӣ доранд, корҳои нақшавӣ дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд иҷро карда мешаванд.
Директори ширкати «SirWay oy» Конста Микаил Сирвио ёдовар шуд, ки чунин лоиҳаҳоро дар якчанд кишвари дунё муваффақона татбиқ намудаанд. Ба андешаи ӯ, барномаи НИДР ба Вазорати нақлиёт дар нигоҳдории шабакаҳои мавҷудаи роҳҳои ҷумҳурӣ тавассути мониторинги фаъолияти он кумак намуда, татбиқи он ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, зиёд намудани муҳлати истифодаи инфрасохтори нақлиётӣ, сарфаи хароҷот барои таъмир, кам кардани ҳолатҳои садамавии корӣ ва беҳдошти тақсимоти захираҳои молиявӣ мусоидат мекунад.
Арзиши умумии корҳо тибқи қарордоди имзошуда як миллиону сад ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, муҳлати татбиқи он 14 моҳро дар бар мегирад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид






