Чаро дарахтони мевадиҳанда ва ниҳолҳои навшинонида хушк мешаванд?

ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар се моҳи соли равон иттилоъ додааст, имсол дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии мамлакат дар 167,7 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,7 баробар зиёд мебошад. Ҳамасола дар мамлакат боғҳои нав бунёд мегарданд ва шумораи ниҳолҳои шинонида низ бештар мегардад. Вале, мутаассифона, тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, як қисм дарахтони шинонидашуда нашъунамо наёфта, хушк мешаванд. Вобаста ба пешгирии хушкшавии ниҳолҳо ва дарахтони мевадиҳанда хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ходими пешбари илмии технологияи инноватсионии ниҳолпарварии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Шароити хоку иқлими ҷумҳурии мо барои дучанду сечанд баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзор мусоидат менамояд. Пас, омили паст шудани ҳосилнокии боғот ва хушк шудани ниҳолҳо дар чист?
Ҳикматулло Назиров: Аз назари мо амалӣ нашудани омилҳои зерин: интихоби навъҳо, интиқоли ниҳол, шаклдиҳӣ ва шохабурӣ, намнокии хок, ғизои муътадил, тағйирёбии иқлим ва касалию зараррасонҳо ба боғу токзор таъсир мерасонанд.
Раванди омӯзиши якчанд майдони боғҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки сабаби паст шудани ҳосилнокии боғот- ин гузаштани муҳлати истифодаи дарахтони боғҳо, аз ҳисоби дарахтони хушкшуда сари вақт нагузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ (шохабурӣ, ғизодиҳӣ, риоя ва сари вақт нагузаронидани чорабиниҳо бар зидди касалию зараррасонҳо) мебошад. Аз ин рӯ ба кишоварзон ва боғпарварони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки ба маслиҳатҳои олимон диққати ҷиддӣ диҳанд, то ҳосилнокии боғоти парвариш мекардаашонро баланд бардоранд ва аз ин ҳисоб самараи калони иқтисодӣ ба даст оваранд.
АМИТ «Ховар»: Оё дар мамлакат зарурати иваз кардани боғҳои кӯҳна ҷой дорад?
Ҳикматулло Назиров: Давра ба давра иваз кардани боғҳои кӯҳна ба боғҳои нав яке аз усулҳои баланд бардоштани самаранокии боғот мебошад. Аз ҷиҳати илмӣ исбот карда шудааст, ки вобаста аз истифодаи тагпайвандҳо муҳлати истифодаи дарахтон чунин аст: барои дарахтони дар решаи аз тухмӣ сабзонида 35-40 сол, дарахтони дар решаҳои нашвии миёнақад сабзонида 20-25 сол ва дар решаҳои нашвии қадпаст то 15-18 сол.
Пас аз гузаштани чунин муҳлатҳо қобилияти ҷаббандагии решаҳо паст мегардад, дигар реша қисми рӯизаминии дарахтро бо маводи зарурӣ барои гузаштани фотосинтез таъмин карда наметавонад, ки ин сабаби пастшавии ҳосилнокӣ ва самаранокии дарахтон мегардад. Мо на танҳо худи боғҳоро иваз бояд кунем, балки вобаста аз талаботи бозор ва мутобиқати навъҳо ба шароити маҳал онҳоро низ давра ба давра иваз карданамон зарур аст.
Дар давраи иваз кардани боғҳо дар майдони боғи решаканшуда на кам аз се сол бояд кишти дигар зироат- ба ғайр аз намояндаи оилаи авранҷиҳо (картошка, помидор, боимҷон ва ғайра) кишт карда шавад. Зироати ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ кишт кардан манфиатноктар аст.
АМИТ «Ховар»: Солҳои охир дар ҷумҳурӣ боғҳои шакли нави серҳосил (интенсивӣ) бунёд карда мешаванд. Доир ба хусусияти фарқкунандаи боғҳои интенсивӣ маълумот медодед.
Ҳикматулло Назиров: Бунёди боғҳои шакли нави серҳосили интенсивӣ чунин хусусият дорад, ки бо ин технология дар ҳар гектар то 3,5 ҳазор бех ниҳол ҷойгир карда мешавад ва ҳосилнокии чунин боғҳо аз 300 то 700 сентнерро ташкил медиҳад. Дар шароити имрӯза навъҳои зерини себ: «Айдаред», «Голден делишес», «Ренет Симиренко», «Гала», «Грани Смит», «Фуджи», «Флорина», «Красние», «Бере берн», «Джона голд», «Ред ҷиф», «Морген дуфт», «Пинова», «Грин Стар», «Модӣ» ва ғайраро парвариш доранд. Инчунин навъҳои «Голден» ва «Ренет Симиренко» ба шароити ҷумҳурии мо мувофиқ буда, ноҳиябандӣ карда шудаанд.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз бештари боғпарварони мамлакат ниҳолҳоро аз дигар минтақаҳо дастрас менамоянд. Вобаста ба қоидаи дуруст интиқол додани ниҳолҳо чӣ тавсия медиҳед?
Ҳикматулло Назиров: Ба таври нодуруст аз як маҳал ба маҳали дигар интиқол додан ва муваққатан нигоҳ доштани ниҳол яке аз сабабҳои сабзиши пасти ниҳолҳо ва ё суст афзоиш кардани онҳо пас аз шинондан дар замин мебошад. Чунки решаи шамолхӯрда қисми зиёди оби баданашро гум мекунад ва аксарияти мӯякрешаҳо хушк мешаванд. Дар 1 милиметр 2 реша ва то 300 мӯякреша мавҷуд аст ва дар ҳолати нигоҳ доштани намӣ онҳо то 10 рӯз қобилияти ҷаббиши худро нигоҳ медоранд.
Ҳангоми интиқоли ниҳолҳо решаи онҳо ба матоъҳои гуногун печонида, маҳкам карда шавад. Агар дар нақлиёти болояш кушода бошад, бояд болои он бо пардаи полиэтиленӣ ё брезентӣ пурра маҳкам карда шавад, то ки ба ниҳолҳо шамол таъсир накунад. Вақте ки ниҳолҳоро ба ҷои даркорӣ расонидед, бояд дер накарда, дар замин қабат-қабат як дона як дона гузошта, то гарданаки реша зери хоки нарми намнок кардан зарур аст. Ба намнокии хок нигоҳ накарда, ба миқдори зарурӣ ба қисми зери хок будаи решаҳо об пошидан манфиатнок мебошад. Бо пайдо шудани намнокии муносиб ниҳолҳо метавонанд норасоии оби танаашонро барқарор кунанд. Дар мавриди бо қабати ғафс ё бандча – бандча зери хок кардан байни ниҳолҳо ковок монда, ҳавои зиёд медарояд, ки боиси пайдоиши мағор, пӯсиш ва хушкшавии реша мегардад.
Агар ҳангоми интиқол додан ниҳолҳо бо сабабҳои гуногун (дер дар ҳавои кушод гузоштан, шамол хӯрдан ва ғайра) оби танаашонро гум намоянд, ҳатман решаашонро на кам аз 2 рӯз дар оби равон ё ҳавзи обаш тоза нигоҳ доред, то тарангии пӯсти худро барқарор намоянд.
АМИТ «Ховар»: Шаклдиҳӣ барои дарахтон чӣ аҳамият дорад?
Ҳикматулло Назиров: Сари вақт гузаронидани шаклдиҳӣ ба давомоти муҳлати истифода, самаранокӣ ва сифати маҳсулоти боғу токзор таъсири мусбат мерасонад. Ин амалро пас аз шинонидани ниҳолҳо сар карда, шаклдиҳиро вобаста аз шакли интихобкардаи шохсор то 6-7 солагӣ ва шохабуриро то решакан кардани боғу токзор ҳар сол дар вақташ гузаронидан зарур аст. Дуруст буридани шоху навдаҳои касал, шикаста ва зиёдатӣ ба ҳаворасии шохсор, солимии дарахт, гирифтани ҳосили дилхоҳ ва баландшавии сифати мева мусоидат менамояд.
Инчунин дар фасли тобистон касалиҳои замбурӯғӣ, вирусӣ ва бактериявӣ авҷ мегиранд. Он на танҳо ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулотро паст мегардонад, балки дар қисме аз хоҷагиҳо ҳосили боғотро пурра нест менамояд. Бинобар ин зарур мешуморем, ки барои паст кардани сатҳи афзоиши касалию ҳашарот ва хисороти онҳо ҳамаи усулҳои мубориза истифода бурда шавад. Ҳамчунин дарахтони мевадиҳандаро бояд сари вақт бо намӣ таъмин намуд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз