Дар Бадахшон 31-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ таҷлил гардид

Май 27, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 31-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ин вилоят хабар доданд.

Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат маҳз бо заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису ташаккул ёфта, шароити мусоид барои афсарону сарбозон фароҳам оварда шуд.

Таҳкурсии кадрии ин ниҳоди муҳофизи марзу буми мамлакат низ таҳким ёфта, дар сафи он ҳоло кадрҳои дорои дониши амиқи касбӣ ва таҷрибаи бойи роҳбарӣ содиқона хизмат менамоянд.

Метавон гуфт, ки афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо малакаю маҳорат, кордонӣ ва нерумандию шуҷоати хеш аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намуда, барои ҳимояи сарҳади давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ далерона қарзи шаҳрвандиро иҷро менамоянд.

Давоми 31 соли фаъолияти кории ин ниҳоди муҳими давлат, ҳазорон нафар афсару сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ зимни адои вазифаи хизматӣ, яъне ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан, пешгирӣ намудани ҳама гуна амалҳои номатлуби хатарнок, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад, ҳамчунин таъмини суботи ҷамъиятӣ, қаҳрамонию фидокории бемисл нишон доданд.

Таъкид шуд, ки ҷавонони баору номуси вилоят давоми чанд соли охир бо дарки баланди масъулият ва худшиносии миллӣ ҳурмату эҳтиром ба арзишҳои баланди ватанпарастӣ нахустин шуда, нақшаи даъват ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоқикистонро  таъмин менамоянд, ки  ин боиси ифтихори хурду бузурги вилоят мебошад.  Гузашта аз он бештари даъватшудагон ба таври ихтиёрӣ ба нуктаҳои хизмат  ҳозир шуда, имрӯзҳо беҳтарин сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, Қувваҳои марзӣ ва ниҳодҳои дигари низомӣ арзёбӣ карда шуданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст ки имрӯзҳо ҳазорон фарзандони содиқи Ватан дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ сарбаландона адои хизмат намуда, барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон сарбаландона масъулияти шаҳрвандиро иҷро   менамоянд.

Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ  ба иддае аз афсарону сарбозон ва собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ рутбаҳои навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаву  сипоснома ва ба собиқадорони ин соҳа туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Май 27, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд